LIVE

“Сити” маблағи аслии гузариши Ҳоландро аз будаш кам эълон кардааст

Эрлинг Ҳоланд мавсими ояндаро бо либоси “Манчестер Сити” оғоз мекунад. Трансфер аллакай мувофиқа шудааст ва шайхҳо барои ситораи нав маблағи калон нахоҳанд дод.
Ба иттилои The Athletic, Ҳоланд ба яке аз бозингарони сердаромади клуб табдил хоҳад ёфт, аммо маоши ӯ аз ҳадди аксар 375 ҳазор фунт дар як ҳафта (440 ҳазор евро), ки Кевин де Брюйне мегирад, зиёд нахоҳад буд. Пеп бо ин кор ҳамдигарнофаҳмиро дар ҳайат пешгирӣ мекунад. 
Маблағи гузариш - 75 миллион евро, аммо баъдтар -Фабритсио Романо иқрор ҳудааст, ки маблағи гузариш 60 миллион евро мебошад. Шояд тафовути маблағ аз он сабаб бошад, ки манбаи аввал мукофотпулиро низ ба иномаб гирифтааст.  Аммо ин танҳо тахмин аст.
Эрлинг бо гузариши худ дар байни трансферҳои “шаҳриҳо” мақоми нуҳумро ишғол мекунад. Клуб тақрибан барои Ҳоланд маблағеро пардохт кардааст, ки қаблан  барои Бенҷамин Менди сарф намуда буд, аммо Менди аз майдон дида вақти бештарро дар ҳабс мегузаронад. 
Феҳристи гаронарзиштарин трансферҳои “Ман Сити”
Ин гузариш дар миёни трансферҳои чемпионати Англия ҳатто ба 20 гона шомил намешавад. Арзиши Ҳоланд хеле хоксорона ба назар мерасад: Соҳибмулкони “Сити” барои Эрлинг ҳамон маблағеро пардохт кардаанд, ки “Ливерпул” барои Наби Кейта сафр карда буд. Ин ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Дар инҷо на ҳама паҳлуҳои молиявии ин гузариш ошкор аст.
Бо ин гузариш арзиши воқеии Эрлинг кам нишон дода шудааст. Аммо  ин ҳамлагар 150 миллион гуфта мешуд. Дар ҷаҳон аз ӯ танҳо Килиан Мбаппе арзиши баланд дорад.  Ба қавли бархе аз сарчашмаҳои хабарӣ “Ман Сити” ягон банди қонуни гузаришҳоро вайрон накардааст. Даста маблағи ҷуброни шартномаи ҳамлаварро бо дасти “Борруссия” пардохт кардааст. Аммо дар маҷмуъ "Шаҳриҳо" дар маҷмуъ барои даъвати ӯ маблағи ҳангуфт сафр кардаанд.  
The Telegraph трансферро ба қисмҳо ҷудо намудааст. 
1. 60-75 миллион евро барои  трансфер.
2. 49 миллион евро ба намояндагон ва агентҳои бозигар меравад.
3. 125 миллион евро барои маош тибқи шартномаи 5-сола, аз ҷумла мукофотпулӣ.
Бидуни ба иномат гирифтани музди маош “Сити” барои Ҳоланд 124 миллион евро харҷ мекунад.  Магар ин кам аст?.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив