LIVE

Родригес: "Мехоҳам Ливерпул бар Реал пирӯз шавад"

Қаблан Хамес Родригес гуфта буд, ки мехоҳад ба чемпионати Аврупо баргардад. Шартномаи колумбиягӣ бо тими "Ал Райян"-и Қатар  тобистони соли 2024 ба охир мерасад.

Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо миёни тимҳои “Ливерпул” – “Реал” 28 май баргузор мешавад.
Собиқ бозигари «Реал Мадрид» Хамес Родригес, ки ҳоло дар дастаи «Ал Райян»-и Қатар бозӣ мекунад, гуфт, ки киро мехоҳад дар Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2021/2022 ғолиб  бубинад.

«Ман мехоҳам, ки да финал "Ливерпул" ғолиб шавад. Ман дар "Реал Мадрид" дӯстони зиёд дорам, ин як дастаи афсонавӣ аст. Аммо мехоҳам, ки ҳамватани ман Луис Диас дар ин мусобиқаи бонуфуз пирӯз гардад", - гуфтааст Хамес Родригес.

Бояд қайд кард, ки футболбози 30-солаи колумбӣ аз соли 2014 то соли 2020 дар ҳайати бошгоҳи "Реал Мадрид" бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив