LIVE

Хамес Родригес Англияро бо Қатар иваз кард

Хамес Родригес бозигари  "Ал-Раян"-и Қатар шуд.
Собиқ  бозигари дастаҳои "Реал" ва "Бавария"  Хамес Родригес  "Эвертон" -ро тарк намуда, ба сафи "Ал Райян" пайваст. Дар созишномаи нимҳимоятгар як банди аҷибе дарҷ гардидааст, ки тибқи он  Хамес метавонад дар сурати  омадани пешниҳод  фаъолияташро дар тими ПСЖ идома диҳад. Дар чунин ҳолат футболбози колумбиягӣ  ҳуқуқи  бе ягон монеа бекор кардани  шартномаро дорад.

Сараввал Родригес мехост фаъолияти худро дар бошгоҳи "Башакшехир"-и Истанбул идома диҳад, аммо ин трансфер сурат нагирифт ва 11 сентябр Хамес ба Эвертон баргашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив