LIVE

Хамес Родригес Усмон Кулибалиро аз марг наҷот дод

Нимҳимоятгари колумбии дастаи «Ал-Райян» - Хамес Родригес ҳимоятгари тими «Ал-Вакр»  Усмон Кулибалиро аз марг наҷот дод. 
Ҳангоми бозӣ дар даври 13-уми чемпионати Қатар  дар нимаи аввал Кулибали аз ҳуш рафт. Собиқ нимҳимоятгари «Эвертон» ва «Реал Мадрид» пеш аз расидани табибон ба Кулибали кӯмаки аввалия расонид.  Родригес сари ин футболбози 32-соларо дуруст кард, то омадани табибон нафас кашида тавонад. Муҳофизатгари малигӣ  ба бемористон интиқол ёфт ва ҳоло вазъи саломатиаш муътадил аст.
Пас аз бозӣ, Лига тасдиқ кард, ки Кулибали сактаи қалб гирифтааст.
Родригес аз сентябри соли 2021 дар ҳайати “Ал-Райян” бозӣ мекунад. Дар мавсими имсолаи чемпионати Қатар ӯ дар 7 бозӣ ширкат карда, 3 гол ва 4 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив