LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U16) бар тими Гондурас пирӯз шуд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки дар Скопйе ҷараён дорад, бар тими Гондурас бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Голҳоро аз ҳайати дастаи мо Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев ва Масрур Ғафуров ба ҳадаф расониданд.
Дар вохӯрии дигари мусобиқаи рушди УЕФА дар Скопйе наврасони Македонияи Шимолӣ бар тими Косово дар силсилаи пеналтӣ (вақти асосӣ – 1:1, пеналтӣи – 4:3) ғалаба карданд.
Қаблан дар бозии аввал мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз тими Македонияи Шимолӣ дар силсилаи пеналти (3:3, 4:5) шикаст хӯрда буд.
Баъди ду даври мусобиқа се даста – Тоҷикистон, Македонияи Шимолӣ ва Косово чаҳор имтиёзӣ ба даст оварданд. Тибқи низомнома дар мусобиқаи Скопйе барои пирӯзӣ дар вақти асосӣ 3 имтиёз, барои ғалаба дар зарбаҳои пеналти 2 имтиёз ва барои мағлуб шудан дар пеналти 1 имтиёз дода мешавад.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) рӯзи 8 май бо ҳамсолони худ аз Косово бозӣ мекунад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
 
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Македонияи Шимолй – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи пеналтӣ – 5:4
Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.
 
Косово – Гондурас – 2:0
 
Даври 2
Гондурас – ТОҶИКИСТОН – 1:3
Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.
 
Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3
 
Даври 3
8 май (якшанбе)
14:00 – Македонияи Шимолӣ – Гондурас
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив