LIVE

Дибала натиҷаашро бо Роналду баробар кард

Дар бозии даври 34-уми Серияи А-и  Италия “Сассуоло” тими “Ювентус”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Мапей-Ситта дел Триколоре» баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Яке аз голҳоро дар ин вохӯрӣ ҳамлагари «Ювентус» Пауло Дибала ба самар расонд. Ин гол дар чемпионати Италия барои футболбози аргентинӣ 81-ум буд. Ҳамин тариқ, Дибала бо ҳамлагари собиқи «Ювентус» Криштиану Роналду, ки ҳоло дар «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекунад, шумораи голҳои худро баробар кард. Дибала имкон дорад то охири мавсим, ки 4 даври дигар боқӣ мондааст аз португалӣ пеш гузарад. Зеро дар охири мавсим  футболбози мазкур низ Туринро тарк хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив