LIVE

Аввалин истеъфои сармураббӣ ва пирӯзии «Регар-ТадАЗ» дар даври чоруми Лигаи олӣ

Даври чоруми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо чаҳор бозӣ анҷом ёфт, ки дар натиҷа аввалин сармураббӣ дар мавсим истеъфо дод. Баъди бохт аз КМВА-и Душанбе (1:2) сармураббии «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев тасмим гирифт, ки вазифаи сармураббии бошгоҳро тарк кунад.

Дастаи КМВА-и Душанбе таҳти роҳбарии мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ дар оғози мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 пайиҳам се пирӯзӣ ба даст овард. “Артишиҳо” бар барандаи медали нуқраи мавсими гузашта «Хуҷанд» — 2:1 ғалаба карданд. Голҳои Абдулло Шарифов ва Хуршед Абдуллоев ба КМВА ғалаба овард.
«Хатлон»-и Бохтар дар дербии ҷанубӣ бар дастаи «Файзканд»-и Восеъ (1:0) ба туфайли голи ягонаи Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 45-уми вохӯрӣ пирӯз шуд. Шогирдони Аслиддин Ҳабибуллоев дар чаҳор бозӣ даҳ имтиёз ба даст оварда, дар садри ҷадвали Лигаи олӣ қарор доранд.

«Равшан»-и Кӯлоб дар бозӣ бо «Равшан»-и Зафаробод (1:1) дар майдони худ натавонист ғалабаро нигоҳ дорад. Ба голи Абдухалил Боронов дастаи ноҳияи Зафаробод бо зарбаи дақиқи Азимҷон Мавлонов посух дод.

Пас аз нокомиҳои пай дар пай пирӯзии аввалинро дар чемпионат «Регар-ТадАЗ» бо шикаст додани тими “Истаравшан” (1:0)  ба даст овард. Фатҳулло Фатҳуллоев муаллифи голи ягона ва ғалабаовар  гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив