LIVE

Писари навзоди Роналду даргузашт

Ҳамлагари тими «Манчестер Юнайтед» ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бораи марги яке аз дугоникҳои навзодаш хабар дод.

«Бо таассуфи зиёд мо  эълон мекунем, ки писари мо даргузашт. Ин бузургтарин дардест, ки  волидайн эҳсос мекунад.

Танҳо таваллуди духтарчаам ба мо қувват мебахшад, ки ин лаҳзаро бо умед ва хушбахтӣ сипарӣ кунем. Мо мехоҳем ба духтурон ва ҳамшираҳои шафқат барои кӯмак ва дастгириашон  изҳори сипос кунем. Аз ин талафот ғамгинем", - навиштааст португалӣ дар шабакаҳои иҷтимоии худ.

Завҷаи ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” Ҷорҷина Родригес дугоник таваллуд кард, як писару як духтар.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив