LIVE

Футболбози «Манчестер Юнайтед» ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст

Бозигари "Манчестер Юнайтед" - Бруно Фернандеш дар сархати аксар сомонаощо царор гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, футболбози португалӣ дар мошини Porsche худ ба садама дучор шудааст. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Хушбахтона Фернандес осебе набардоштааст ва имкон дорад, ки дар тамринҳои “Манчестер Юнайтед ширкат варзад. Ёдовар мешавем, ки Фернандес аз соли 2020 дар «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекунад ва аз «Спортинг» ба маблағи 63 миллион евро гузариш намуда буд. Шартномаи феълии футболбоз бо бошгоҳ тобистони соли 2026 ба охир мерасад. Бруно Фернандеш дар мавсими ҷорӣ дар АПЛ 30 бозӣ анҷом дода, 9 гол ва 6 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив