LIVE

Агуэро Роналдуро беҳтарин бозигари ҳама давру замон намеҳисобад

Ҳамлагари собиқи «Манчестер Сити» ва «Барселона» Серхио Агуэро дар бораи хет-трики ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бар зидди «Норвич» дар бозии даври 33-юми Лигаи Англия (3:2) ибрози назар кард. 
Баъд аз анҷоми бозӣ Роналду тӯбе, ки бо ӯ хет-трик карда буд ба ниммуҳофизатгари 17 солаи “МЮ” - Алехандро Гарначо тақдим кардааст. Футболбози ҷавон ин аксро дар саҳифаи худ гузошта, дар зераш чунин навшитааст: "Беҳтарин бозигари ҳама давру замон".
Агуэро дар шарҳҳои ин паём ба ҳамватани ҷавони худ посух додааст.
"Танҳо он аст, ки шумо то ҳол бо Мессии беҳтарин бозӣ накардаед" навиштааст Серхио.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив