LIVE

Серхио Агуэро боз барои "Барса" дастнорас шуд

Сомонаи расмии дастаи «Барселона» аз ҳолати ҳамлавари даста Серхио Агуэро, ки дар бозии даври 12-уми Ла Лига бар зидди «Алавес» (1:1) осеб бардошта буд, хабар дод. Дар айни замон аргентинӣ таҳти назорати табибон қарор дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти “Барселона” Агуэро бо сабаби  бемории дил камаш се моҳ аз майдон дур мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлагар дар нимаи аввали бозӣ бо "Алавес" бо далели бемории қалб иваз карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив