LIVE

"Ливерпул" дар Англия рекордро такрор кард

«Ливерпул» дар даври 1/4 финали Лигаи чемпионҳои УЕФА  «Бенфика»-ро шикаст дод ва ба шарофати он ба натиҷаи  рекордии клубҳои Англия баробар шуд. Дар ин бора OptaJoe дар Twitter хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, «Ливерпул» бори 12-ум ба даври ниманиҳоии Ҷоми Аврупо ё Лигаи чемпионҳо роҳ ёфт, ки ҳамин гуна натиҷаро «Манчестер Юнайтед» дорад. Дигар ягон даста ба ин дастовард даст наёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола «Манчестер Юнайтед»  дар марҳилаи 1/8 финали ЛЧ аз дастаи «Атлетико Мадрид» бохт (1:2). Манкуниён бори охир дар мавсими 2010/2011 ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буданд, ки дар финал аз "Барселона" (1:3) мағлуб шуда буданд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив