LIVE

Капитани "Сити" тарки даста мекунад

Нимҳимоятгари "Манчестер Сити" Фернандинйо пас аз анҷоми мавсим тарки даста мекунад. Дар ин бора худи бразилӣ дар нишасти матбуотӣ қабл аз бозии ҷавобии даври 1/4 финали Лигаи чемпионҳо бо «Атлетико» хабар дод.

"Ман фикр мекунам, ки дар мавсими оянда дар «Манчестер Сити» намемонам. Мехоҳам мунтазам бозӣ кунам. Ман ба Бразилия бармегардам.  Бо оилаам ин тасмимро гирифтам, ки хонаводаам бароям аз ҳама муҳим аст", - гуфт Фернандинйо ба BBC.

Қобили зикр аст, ки хабари рафтани Фернандинйо барои сармураббии «шаҳриҳо» Хосеп Гвардиола ғайричашмдошт буд. Ӯ гуфт: «Ман дар ин бора хабар надоштам. Биёед бубинем, ки дар охири мавсим чӣ мешавад. Намедонам, чӣ мешавад».

Ёдовар мешавем, ки Фернандинйо тобистони соли 2013 аз «Шахтёр»-и Донетск ба ивази 40 миллион евро ба «Манчестер Сити» гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив