LIVE

"Атлетико" силсилаи бозиҳои бебохти худро барҳам дод

Дар бозии аввали даври 1/4 ниҳоии Лигаи чемпионҳо «Манчестер Сити» бар «Атлетико Мадрид» ғалаба кард.  Шогирдони Диего Симеоне аз 16 феврал ба ин сӯ бори аввал ба шикаст дучор шуданд.

Мадридиҳо аз 8 бозии охир дар 7 тоаш пирӯз шуда, яктоашро мусовӣ намудааст. Дар доираи ин  силсила  “матрасҳо” дар Ла Лига бар “Осасуна”, “Бетис”, “Селта”, “Кадис”, "Райо Валйекано” ва “Алавес” пирӯз шуданд. Мадридиҳо дар нахустин вохӯрии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо бо «Манчестер Юнайтед» мусовӣ кард ва дар бозии дуюм аз «Манчестер Юнайтед» пурқувваттар баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив