LIVE

Хонаи Погба ҳангоми бозӣ бо "Атлетико" ғорат шуд

Хонаи бозигари "Манчестер Юнайтед" - Пол Погба зимни бозии Лигаи Чемпионҳо бар муқобили "Атлетико" ғорат карда шуд. Ҳангоми рух додани ин ҷиноят фарзандони футболбоз дар хона будаанд. 

“Бадтарин даҳшати оилаи мо шаби гузашта вақте ба амал омад, ки ба хонаи мо шахсони номаълум даромада, ҳангоми хоби фарзандон ғорат кардаанд. Ғоратгарон дар хонаи мо камтар аз панҷ дақиқа буданд, аммо чизеро барои бурдан пайдо накарданд. Ин дар дақиқаҳои охирини бозии дирӯза рӯй дод, ки онҳо медонистанд, мо дар хона нестем. Ману занам ба хона шитофтем, надонистам, ки фарзандонамон сиҳату саломатанд. Ҳамчун падар, дар ин дунё эҳсоси бадтар аз он нест, ки натавонистан дар он ҷо барои ҳифзи фарзандони худ бошад ва ман самимона умедворам, ки ҳеҷ кас набояд он чизеро, ки шаби гузашта эҳсос кардам, эҳсос кунад. Аз ин рӯ, ман мехоҳам ба онҳое, ки ба мо кӯмак мекунад, мукофот пешниҳод кунам” гуфт Погба.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ду бозӣ “Манчестер Юнайтед” аз “Атлетико” бо ҳисоби умумии 1:2 шикаст хӯрд ва аз Лигаи Чемпионҳо берун шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив