LIVE

Анчелоттиро ғорат кардаанд

Хонаи сармураббии “Эвертон” Карло Анчелоттиро ғорат карданд, менависад Football Italia. Бино ба иттилои манбаъ, аз хона сейф дуздида шудааст. Ҷинояткорон бо либосҳои махсус вориди манзили зисти мураббии итолёвӣ гардидаанд.   Сокинони хона осеб надидаанд. Қайд карда мешавад, ки Анчелотти дар хона набудаст, аммо аз ҷинояткорон духтараш сахт тарсидааст. Ёдовар мешавем, Анчелотти раҳбарии “Эвертон”-ро соли 2019 ба ӯҳда гирифт. Созишномаи мутахассис бо клуб то соли 2024 эътибор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив