LIVE

"Ҳосилот" бо дарвозабон Беҳрӯз Хайриев шартнома баст

Дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор баҳри пурқувват намудани хати дарвозаи худ бо Беҳрӯз Хайриев дарвозабони ҷавони соҳибмалака шартномаи варзишӣ ба имзо расонид. Ҳамакнун дар мавсими имсола ин дарвозабони соҳибтаҷриба шарафи дастаи "Ҳосилот"-и ноҳия Фархорро ҳимоят мекунад.
 Беҳрӯз Хайриев дастпарвари дастаи футболи "Норак"-и шаҳри Норак буда, фаъолияти варзишии хешро соли 2014 аз дастаи "Вахш-и Қӯрғонтеппа ҳоло ("Хатлон"-и) шаҳри Бохтар оғоз намуда,то соли 2016 дар ин тим ҳунарнамоӣ намудааст. 
Сипас солҳои 2016-2017 дар дастаи Барқчӣ-и шаҳри Ҳисор, солҳои 2018-2019 дар ҳайати дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ба ҳайси дарвозабони эҳтиётӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2019-2020 дар ҳайати дастаи Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ ба сифати дарвозабони асоси ҳунари хешро ба мухлисони футбол нишон додааст. Инчунин соли 2021 як муддат дар дастаҳои "Регар-Тадаз"-и шаҳри Турсунзода ва "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан фаъолияти намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив