LIVE

"Реал" аз пешниҳоди "ПСЖ" ба Мбаппе нигарон аст

"Реал Мадрид" аз он нигарон аст, ки ПСЖ тамоми талошашро ба харҷ дода истодааст, то  форвард Килиан Мбапперо дар даста нигоҳ дорад. Тавре 90min бо истинод ба The Times хабар медиҳад, парижиҳо ба фаронсавӣ барои  шартномаи 2 сола  маоши ҳангуфт пешниҳод карданд. Мадридиҳо аз он нигаронанд, ки худ ин гуна маблағро  пешниҳод карда наметавонад. Бошгоҳи  испанӣ итминон дорад, ки дар охири мавсим бо бозигар дар бораи гузариш ба мувофиқа мерасад, аммо онҳо дарк мекунанд, ки истисно нест, ки Мбаппе то ҳол шартномаро бо дастаи ҳозирааш тамдид мекунад. Дар робита ба ин, роҳбарияти «Реал Мадрид» ҳамлагарро ҳушдор додааст, ки агар ҳамин тобистон ба даста наояд, пас маблағҳо барои бозигарони дигар сарф карда мешаванд ва дигар кӯшиши ба даст овардани Килиан вуҷуд надорад.

Next Post

Комментарии 1

905335285 от 24 февраля 2022 00:05
Салом алекм ман ролик созам ба тавари  HD  кабул меккунед 

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив