LIVE

Вазъи саломатии Мино Райола вазбин шуд

Агенти машҳури футбол Мино Райола дар беморхонаи хусусии Милан "Сан Рафаэле" бистарӣ аст. Ба навиштаи Bild, вазъи саломатии голландӣ вақтҳои охир бадтар шудааст, бинобар ин ӯро ба бахши эҳё "реаниматсия" интиқол додаанд. Гуфта мешавад, ки Райолаи 54-сола мушкилоти шуш дорад. Ҷузъиёти дигари ин беморӣ ҳанӯз маълум нест. Бори аввал дар беморхона бистарӣ гардидани агент рӯзи 12 январ маълум шуд. Аммо баъд намояндагони ӯ иттилоъ доданд, ки ин танҳо як санҷиши нақшавӣ аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив