LIVE

Ҳарифони «Хуҷанд» ва «КМВА» дар Ҷоми КФО-2022 маълум шуданд

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур имрӯз, 17 январ қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 баргузор шуд, ки дар паи он бошгоҳҳои Тоҷикистон-"Хуҷанд" ва КМВА рақибони худро пайдо карданд.


Ноиб-чемпиони Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоми кишвар «Хуҷанд» дар гурӯҳи «F» баромад мекунад. Рақибони “Хуҷанд” бошгоҳҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдаг” (Туркманистон) хоҳанд буд.

Дебютанти Ҷоми КФО дастаи КМВА дар гурӯҳи «Е» бозӣ мекунад. Барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон бо бошгоҳҳои «Насаф» ё «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) бозӣ хоҳад кард.


Бояд гуфт, ки агар дастаи «Насаф»-и Қаршӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 роҳ ёбад, барандаи медали нуқраи чемпионати Ӯзбекистон "Суғдиёна" дар  Ҷоми AFC-2022  баромад хоҳад кард. Агар «Насаф» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо роҳ наёбад, дар Ҷоми AFC-2022 баромади худро идома медиҳад.

Ҷоми AFC 2022
Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (Тоҷикистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи F: «Хуҷанд» (Тоҷикистон), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив