LIVE

Бекназаров бо дастаи "Истаравшан" шартнома баст

Хуршед Бекназаров яке аз чеҳраҳои саршиноси кишвар, инчунин бозингари калидии тими миллӣ Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барандаи медалҳои нуқра ва Суперҷоми Тоҷикистон аст. Ӯ қаблан дар дастаҳои «Хатлон», «Хуҷанд», дар чемпионати Индонезия ва инчунин Бангладеш ҳунарнамоӣ кардааст. Акнун ӯ ба дастаи "Истаравшан" гузариш кард. 
"Мо умед мебандем, ки  Бекназаров дар ин мавсим бо ҳунару маҳорат ва бозиҳои зебои худ шарафи дастаи "Истаравшан"-ро ҳимоя мекунад"-, омадааст дар сомонаи инстарами "Истаравшан". Хуршед бо бошгоҳ шартномаи яксола ба имзо расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив