Хуршед Бекназаров ҳимотягари дастаи "ТИРА Персикабо" ва дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии даври 27-уми чемпионати Индонезия нахустин голи худро ба дарвозаи ҳарифон зад. Дар ин давр "ТИРА Персикабо" бо дастаи "Персебая" дар майдони худ рақобат карда, бозиро муссовӣ 2:2 анҷом дод. Бекназаров дар ҳоле дарвозаи меҳмононро рахна намуд, ки ҳисоб 1:2 ба фоидаи меҳмонон ҷараён дошт. Ӯ дар мавсими имсолаи чемпионати Индонезия 25 маротиба ба майдон баромадааст.