LIVE

Бохти пайиҳами дастаи Хуршед Бекназаров дар чемпионати Индонезия.

Дастаи "ТИРА Персикабо"-и футболбози тоҷик Хуршед Бекназаров дар чепмионати Индонезия ба бохтҳои пайиҳам рӯ ба рӯ мегардад. Намояндагони шимолу ғарби ин кишвар дар вохӯрии даври 25-уми Лигаи 1 аз дастаи "Мадура Юнайтед" бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд. Хуршед Бекназаров аз аввал то анҷом дар ҳайати асосӣ бозӣ кард. "ТИРА Персикабо" дафъаи охир моҳи август дар замини худ бар "ПСС Слеман" пирӯз шуда буд. Баъд аз ин онҳо 5 бозиро муссовӣ карда, дар панҷ дидор мағлуб шудаанд. Ин боис гардид, ки даста аз зинаҳои болоӣ ба мақоми 7-ум фарояд. Футболбозони шаҳри Богор дар даври 26-ум, 3-юми ноябр бо "Персия Ҷакарта" рақобат мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив