LIVE

Месси бори дигар аз санҷиши коронавирус гузашт

Лионел Месси аз коронавирус шифо ёфт. El Litoral дар Твиттер хабар медиҳад, ки натиҷаи тести ҳамлагари аргентинии "ПСЖ" рӯзи 4 январ барои вируси корона супорида буд, манфӣ баромадааст. Ба иттилои манбаъ, пас аз он Месси ва оилааш аз Аргентина ба Фаронса рафтанд. Интизор меравад, ки футболбози 34-сола имрӯз ё фардо ба тамрин дар "ПСЖ" шуруъ кунад. Ёдовар мешавем, ки "ПСЖ" рӯзи 2 январ дар бораи сироятёбии Лионел Месси ба коронавирус хабар дода буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив