LIVE

Суханҳои қабеҳи Суарес ба Диего Симионе

Ҳуҷумкунанда баъди иваз шуданаш дағалона муносибат кард. Шояд уругваӣ  барои худ дастаи нав ҷустуҷӯ кунад?
Чемпиони феълии Испания дар мушкили калон қарор дорад. «Атлетико» дар Ла Лига дар зинаи чорум аст ва аз «Реал» 13 хол кам дорад. Умедҳо барои мақоми дуюм ҳам аз байн рафтааистодааст ва ин вазъи дохилии дастаро тезу тунд мекунад. Ва ниҳоят дар бозии даври 18-уми бо Севиля (1:2) ин тезу тундгариҳо сурат гирифт. Луис Суарес дар дақиқаи 57-ум ба ивазаш эҳсосотона вокуниш нишон дод. Ҳамлагари уругваӣ аз тасмими сармураббии тими мадридӣ Диего Симеоне норозӣ буд.

Тавре Marca хабар медиҳад, Луис ба канори курсиҳои эҳтиётӣ рафта, ба мураббӣ гуфт: «Аҳмақи бадбӯй, боз ҳамааш ҳамон тавр аст» (дар асл ибораи дағалтар истифода шудааст. - иқтибос аз Чемпионат).
Норозигии Суарес дар бозиҳои охир зиёд мешавад. Вай як силсилаҳои бозиҳои бебарорро соҳиб аст - ҳафт бозӣ паиҳам гол зада наметавонад. Ин бори аввал аст, ки бо ин уругваӣ пас аз кӯчидан ба Испания, пас аз соли 2014  рух медиҳад. Аз сабаби натиҷаҳои бад, ҳамлагар аз ивазкуниҳои доимӣ асабонӣ мешавад: Ӯ охирин маротиба дар ҳайат ба пуррагӣ 24 октябр бозӣ кардааст, ки ду гол ба дарвозаи «Реал Сосйедад» зад (2:2). Ва дар 19 дақиқа дар майдон бо "Малйорка" ва 13 дақиқа бо "Порту" ҳамлагарро комилан аз роҳ берун карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив