LIVE

Лигаи олӣ: КМВА барандаи нишони биринҷӣ

30-юмин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар даври охир барандаи медалҳои биринҷӣ ва дуюм дастае, ки лигаи олиро тарк мекунад, муайян гардиданд.

Дастаи КМВА-и Душанбе дар даври 27-ум бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ғал
чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – тими “Хуҷанд” ва барандаи медалҳои биринҷӣ – тими КМВА дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳанд кард.
аба карда, ҷои сеюмро дар чемпионати имсола сазовор шуд. Дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бошад, аз тими “Истиқлол” шикаст хурд (1:2) ва дар пайи тими “Душанбе” лигаи олиро дар мавсими оянда тарк мекунад.

Ҳамин тариқ, чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – тими “Хуҷанд” ва барандаи медалҳои биринҷӣ – тими КМВА дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳанд кард.

Натиҷаи бозиҳои даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ:

КМВА – «Хуҷанд» – 1:0
Гол: Люк Менҷана Леонел, 11.

«Куктош» – «Истиқлол» – 1:2
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 12 (0:1). Алишер Ҷалилов, 41 (0:2). Амирҷон Сафаров, 43 (1:2).

«Эсхата» – «Равшан» – 1:0
Гол: Аҳрор Иноятов, 50.

«Душанбе» – «Истаравшан» – 0:2
Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 76 (0:1). Манучеҳр Ахмедов, 90 – аз пеналтӣ (0:2).

«Файзканд» – «Хатлон» – 2:1
Голҳо: Анвар Муродов, 4 (1:0). Изатулло Баҳриддинов, 73 (1:1). Анвар Муродов, 74 (2:1).


   Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х    
 1    "Истиқлол" (Душанбе)     27 21 5 1 78-9 68
 2 "Хуҷанд" (Хуҷанд) 27 17 4 6 52-26   55
 3 КМВА (Душанбе) 27 12 8 7 37-29 44
 4 "Истаравшан" (Истаравшан)     27 12 6 9 30-25 42
 5 "Хатлон" (Бохтар) 27 10 6 11 30-33 36
 6 "Эсхата" (Хуҷанд) 27 9 3 15 33-49 30
 7 "Равшан" (Кӯлоб) 27 7 8 12 27-35 29
 8 "Файзканд" (Восеъ) 27 8 5 14 20-37 29
 9 "Куктош" (Рӯдакӣ) 27 7 5 15 38-58 26
 10 "Душанбе" (Душанбе) 27 4 6 17 23-67 18

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив