LIVE

"Ливерпул" дар талоши ба даст овардани Бензема

Дар "Реал Мадрид" тағйири куллии ҳайат ба нақша гирифта шудааст. Клуби шоҳона ният дорад, Эрлинг Ҳолланд аз "Боруссия Дортмунд" ё Килиан Мбапперо аз "ПСЖ" харидорӣ кунад. Дар ин сурат Карим Бензема ҳайати  «галактикос»-ро тарк мекунад. "Ливерпул" мехоҳад аз сару садоҳо дар атрофи ҳамлагари фаронсавӣ истифода карда, Бенземаро моли худ кунад, хабар медиҳад El Nacional.

"ПСЖ" ба Бензема мароқ дорад, ва аз "Реал Мадрид" талаб мекунад, ки дар шартномаи Килиан Мбаппе футболбози фаронсавӣ Карим Бенземаро низ дохил кунад.  Аммо президенти «Реал» Флорентино Перес намехоҳад, бозигари худро ба парижиҳо диҳад, зеро онҳоро рақиби сарсахт дар арсаи Аврупо медонад. Аз ин рӯ «Ливерпул» довталаби асосӣ барои ба даст овардани  Бензема ба ҳисоб меравад.

Қайд карда мешавад, ки худи Бензема ба дурнамои бозӣ дар Премйер-Лигаи Англия мусбат назар мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив