LIVE

Роналду барои чӣ ба маросими "Тӯби тиллоӣ" наомад?

Ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” ва Португалия Криштиану Роналду сабаби ширкат накардани худро  дар маросими супурдани “Тӯби тиллоӣ”  шарҳ дода, сардабири маҷаллаи France Football Паскал Ферреро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам кард.

"Натиҷаи имрӯза изҳороти ҳафтаи гузаштаи Паскал Ферреро шарҳ медиҳад. Вай иддао кард, ки  ҳадафи ягонаи ман анҷом додани карйера бо ҷоизаҳои бештар аз Лионел Месси аст.

Ферре дурӯғ гуфт, ӯ номи маро барои таблиғи худ ва нашрияе, ки дар он кор мекунад, истифода бурд. Чунин дурӯғ гуфтани шахсе, ки масъули эҳдои чунин ҷоизаи муътабар аст, қобили қабул нест. Нисбат ба шахсе, ки ҳамеша ба France Football ва тўби тиллоӣ эҳтиром дошт, беэҳтиромӣ  нишон медиҳад. Ва имрӯз боз дурӯғ гуфта, набудани маро дар маросим ҳамчун карантин асоснок кард, ки асос надорад.

Ман ҳамеша онҳоеро табрик мекунам, ки ба шарофати маҳорати варзишӣ ва бозии одилона,  ғолиб меоянд. Ман ҳеҷ гоҳ зидди касе нестам. Ҳамеша барои худам ва барои дастаҳое, ки  намояндагӣ мекунам,  барои онҳое, ки ба ман некӣ мехоҳанд, ғалаба мекунам.

Ҳадафи бузургтарин дар касби ман ин ба даст овардани унвонҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои бошгоҳҳое, ки ман намояндагӣ мекунам ва барои тими миллии кишварам аст. Мақсади бузургтарин дар касби ман ин аст, ки намунаи хуб барои ҳар касе, ки футболбози касбӣ шудан  мехоҳад, бошам. Мақсади бузургтарин дар фаъолияти ман ин аст, ки номи худ, ки бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта шудааст, дар таърихи футболи ҷаҳон боқӣ монад”, - навиштааст Роналду дар Instagram.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив