LIVE

Месси барандаи "Тӯби тиллоӣ" дар соли 2021

Ҳамлавари аргентинии дастаи "ПСЖ" – Лео Месси барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ" дар соли 2021 гардид. Ин ҳафтумин ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" дар корномаи Месси ба шумор меравад, ки  натиҷаи мазкур  дар ҷаҳони футбол назир надорад. Дар маросими овоздиҳӣ зинаи дуюмро форварди лаҳистонии "Бавария" –  Роберт Левандовски ва зинаи сеюмро нимҳимоятгари итолиёвии "Челси"  – Жоржинйо ишғол намуданд. Барандаи феълии "Тӯби тиллоӣ"  низ худи Лео ба шумор мерафт, ки соли 2019 ҷоизаи шашуми худро соҳиб шуда буд. Соли 2020 бошад, бо сабаби бемории дунёгири коронавирус  тақдими ин ҷоиза баргузор нашуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Месси дар соли 2021 аввалин бор бо тими миллии Аргентина барандаи Ҷоми Амрико гардид. Инчунин, Лео ҳамроҳ бо “Барселона” соли ҷорӣ қаҳрамони Ҷоми Испания шуда буд. Дар мавсими солҳои 2020/2021 Месси бо задани 30 гол унвони беҳтарин нишонзани Ла Лигаро ҳам ба худ ихтисос дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив