LIVE

"Барса" беҳтарин нишонзани Лигаи конференсияро хариданист

"Барселона" ба ҳамлагари клуби "Базел" Артур Кабрал мароқ зоҳир намудааст. 

Ба иттилои расонаҳои варзишӣ, бошгоҳи каталонӣ аллакай  музокиротро барои харидории футболбоз дар равзанаи  зимистона шуруъ кардааст. «Базел» тайёр аст, форвардро ба маблағи 15-20 миллион евро бифурӯшад. Қаблан ба ин  футболбоз  "Зенит" ҳам таваҷҷуҳ карда буд. 

Кабрали 23-сола дар 10 бозӣ 10 гол зада, беҳтарин нишонзани Лигаи Конференсия мебошад. Шартномаи ӯ бо "Базел" то тобистони соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив