LIVE

"Ювентус" нимҳимоятгарашро аз даст дод

Нимҳимоятгари тими “Ювентус”-и Турин Федерико Бернардески  ҷароҳат бардошт, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи итолиёвӣ.

Дар футболбоз кашиши мушаки рости миён ташхис шудааст. Муҳлати барқарорсозӣ маълум нест. Пас аз 10 рӯз нимҳимоятгар аз муоинаи нав мегузарад. Бар асари ҷароҳат Бернардески дар чемпионати Италия бо «Латсио» ва инчунин бо «Челси» дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ намекунад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив