LIVE

Серхио Агуэро аз футбол меравад?

Мушкилоти саломатӣ  ҳамлагари «Барселона» Серхио Агуэроро маҷбур дорад, ки ба истеъфо биравад, хабар медиҳад Радиои Каталония. Ба гуфтаи ин манбаъ, ташхисҳо собит кардаанд, ки мушкилоти қалби футболбоз назар ба пешбинии аввал хеле ҷиддитар аст. Табибон ба футболбоз ҳушдор додаанд, ки дигар  ба майдон набарояд.

Ёдовар мешавем, ки форвард дар нимаи аввали бозии даври 12-уми Ла Лигаи Испания бо “Алавес” (1:1) бо сабаби тахикардия иваз карда шуд. Пас аз бозӣ хабар дода шуд, ки Агуэро хуб аст. Аммо баъдан маълум шуд, ки ҳамлагар бояд аз муоина ва табобат гузарад. Барои ин камаш се моҳ лозим мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив