LIVE

«Ман Сити» беҳтарин ҳамлагарашро то охири мавсим аз даст дод

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола иқрор шудааст, ки ҳамлагари асосии дастааш Серхио Агуэро дар охири қисми аввали бозӣ бар муқобили «Бёрнли» (5:0) аз пойи ҷапаш ҷароҳат бардоштааст. 

“Мутаъсифона ҳолати ӯ хуб нест, аммо ташхиси пурра нишон медиҳад, ки ҷароҳати бардоштааш дар кадом сатҳ аст. Моҳи гузашта низ Агуэро аз мушкилоти зонуаш хабар дода буд, аммо ҳамакнун ин осеб аз худ дарак дод. Мо ҳамаамон интизори посухи табиб ҳастем ва умедворем, ки ӯ бароямон хабари хуш медиҳад”, гуфтааст Гвардиола.
Агуэро дар мавсими ҷории ПЛА дар 24 бозӣ ба задани 16 гол ва 4 партоби самаровар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив