LIVE

Барои чӣ Мессиро дар бозӣ бо "Лилл" иваз карданд?

Сармураббии дастаи ПСЖ Маурисио Почеттино аҳволи ҳамлагар Лионел Мессиро, ки баъди нимаи аввал дар бозии даври 12-уми чемпионати Фаронса бо «Лилл» иваз карда шуд, шарҳ дод.

«Хабар дар бораи Лионел Месси? Мо бояд интизор шавем. Дар вакти танаффус мо ба духтурон мурочиат кардем. Иваз карданаш чораи эхтиётӣ буд, бозиро давом дода наметавонист. Умедворем, ки ӯ зарари ҷиддӣ надорад ва метавонад дар бозии оянда ширкат кунад", - иқтибос меорад Почеттиноро Culture.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳамлагари парижӣ ҳангоми тамрин худро нороҳат ҳис кардааст ва аллакай дар ҷараёни бозӣ Лионел боз аз ҳолати худ нигарон шуд. Дар натиҷа, сармураббии ПСЖ Маурисио Почеттино тасмим гирифт, ки ба хотири эҳтиёт бозигарро иваз кунад.

Пас аз танаффус ба мизбонон муяссар шуд, ки ҷараёни бозиро тағйир дода, бо хисоби 2:1 галаба карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив