LIVE

Лапорта:"Суперлига ҳанӯз "зинда" аст"

Президенти "Барселона" Жоан Лапорта гуфт, ки идеяи таъсиси Суперлигаи Аврупо зинда аст.

“Лоиҳа ба анҷом нарасидааст. Баръакс, ӯ зинда аст. Мо бо одамони мухталифи ҷаҳони футбол муколама дорем, онҳо ин нақшаро баррасӣ доранд. "Юве", "Реал Мадрид" ва "Барселона" иштирок мекунанд, мо дар судҳо ғолиб шуданро идома медиҳем. Кӯшиш мекунем, ки мусобиқа ҷолибтар шавад. Барои ин  мусобиқа бояд барои клубҳое, ки дар он иштирок мекунанд, ҷолибтар бошад. Қобили зикр аст, ки мо дари худро барои  УЕФА низ намепӯшем, гарчанде ки онҳо аз ибтидо хашмгинона амал мекарданд.

УЕФА дид, ки Лигаи Чемпионҳо зери хатар аст ва Суперлига мусобиқаест, ки метавонад Лигаи Чемпионҳоро иваз кунад. Аммо ин на тавассути ҷанг, балки тавассути муколама бо УЕФА имконпазир аст”, - гуфт Лапорта.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив