LIVE

"Реал" ва "Барселона" ба Лигаи чемпионҳо роҳ дода шуданд

"Барселона" ва "Реал Мадрид" дар Лигаи навбатии чемпионҳо бозӣ хоҳанд кард. Дастаҳои испанӣ аз UEFA огоҳиномаи дахлдор гирифтанд. Қаблан ба "Ювентус" низ иҷозат дода шуда буд, ки дар ин мусобиқа ширкат варзад. Қаблан  иттилоъ дода шуда буд, ки "Реал", "Барселона" ва "Ювентус" метавонанд ба муносибати ширкат дар лоиҳаи Суперлигаи Аврупо аз Лигаи чемпионҳо хориҷ карда шаванд. Моҳи июн маълум шуд, ки мурофиаҳо нисбати "Ювентус" боз дошта шуда, пас аз он УЕФА  огоҳ кард, ки даста  дар байни иштирокчиёни Лигаи чемпионҳо дар мавсими 2021/22 хоҳад буд. Ҳамзамон, УЕФА қаблан иброз карда буд, ки тафтишот дар оянда аз сар гирифта хоҳад шуд.

Рӯзи 19 апрел 12 дастаи муассисон аз таъсиси Суперлигаи Аврупо хабар доданд, аммо пас аз ду рӯз нӯҳ тим таҳти фишори мухлисон, ФИФА, УЕФА ва сиёсатмадорони кишварҳояшон даст кашиданд. 7 май УЕФА дар бораи ҷазо барои собиқ иштирокчиёни Суперлига тасмим гирифт. Ҳар яке аз нӯҳ даста барои рушди футбол дар Аврупо 15 миллион евро саҳми хайрия хоҳанд пардохт. Клубҳо инчунин ӯҳдадор шуданд, ки дар як мавсим 5% даромадро  дар мусобиқаҳои бошгоҳии УЕФА-ро ҳамчун ҷуброн бармегардонанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив