LIVE

Моликони "Нюкасл" мехоҳанд, "Интер"-ро низ бихаранд

Хазинаи сармоягузории ҳукумати Арабистони Саудӣ (PIF – Public Investment Fund) мехоҳад, бошгоҳи  "Интер"-ро бихарад.

Ҳафтаи гузашта консорсиум бо шумули PIF, PCP Capital Partners ва RB Sports & Media соҳиби нави "Нюкасл" шуд. Намояндагони PIF аллакай  соҳибони Интер - оилаи Чжан  мулоқот карданд. Онҳо омодаанд, ки  клубро бо нархи як миллиард евро фурӯшанд, хабар медиҳад Calciomercato.
Ҷонибҳо масъалаи фурӯши эҳтимолии клубро соли гузашта муҳокима карданд, аммо баъдан соҳибони "Интер" ин қарордодро рад карданд. Ҳоло ба қарори онҳо  нокомии лоиҳаи Суперлига таъсир расонидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив