LIVE

Чаҳор голи Фатҳулло дар бозӣ бар муқобили "Душанбе"

Даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи Олӣ тимҳои КМВА ва “Душанбе” ба ҳам омаданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Вазорати мудофиа доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди соҳибони майдон ба анҷом расид. Муаллифи 4 голи ин дидор сарвони дастаи КМВА Фатҳулло Фатҳуллоев гардид. Фатҳулло дар дақиқаи 6-уми бозӣ ба задани гол даст ёфт ва артишиҳо ба пеш баромаданд. Дар дақиқаи 38-уми дидор Фатҳуллоев голи дуюми худро вориди дарвозаи рақибон кард. Қисми аввали дидор  бо ҳамин натиҷа пушти сар шуд. Дар дақиқаи 80-ум  сарвони дастаи КМВА голи сеюми худро вориди дарвозаи дастаи “Душанбе” намуд ва хет-трикро ба номаш сабт кард. Бо гузораи 2 дақиқа Фатҳулло голи чоруми худро зад. Бо ҳамин тартиб дидори дастаҳои КМВА ва “Душанбе” дар доираи рақобатҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди дастаи КМВА ба анҷом расид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив