LIVE

Баъди 18 моҳ Роналду сармураббии "МЮ" мешавад

Ҳамлагари 36-солаи португалӣ Криштиану Роналду ба “Олд Траффорд” бозгашти шадиде дошт ва тавонист дар се бозии аввалаш пас аз бозгашт ба ҳайати “Девҳои Сурх” чаҳор гол занад. Тим Шервуд собиқ сармураббии дастаи “Тоттенхэм” бовар дорад, ки Роналду метавонад ба зудӣ дар нимкатҳо нишаста таъсирашро ба бозии “МЮ” расонад.

Пас аз он ки “Манчестер Юнайтед” аз “Вест Хэм” шикаст хӯрд ва аз Ҷоми Лига хориҷ шуд, фишор ба Оле Гуннар Сулшер аз сабаби аз даст додани яке аз имконоти ба даст овардани ҷоиза афзоиш ёфт.

Сулшер дар тӯли ин вақт дар ҳайати  “Юнайтед” ягон ҷоиза ба даст наовардааст ва ҳоло, пас аз бозгашти Роналду ба даста, пас аз ҷалби Ҷейдон Санчо ва Рафаэл Варан бо харҷи беш аз 100 миллион, ӯ фишорро аз ҳарвақта бештар эҳсос мекунад. 

Аз тарафи дигар, Роналду аллакай таваҷҷӯҳ ва истеъдоди худро барои роҳбарӣ намудани дастаҳо нишон додааст, ки яке аз онҳо ҳангоми финали Евро-2016 аст, ки  ҳангоми ҷароҳат бардоштанаш майдонро тарк карда буд, аммо дар баробари Фернандо Сантош ӯ ҳамдастаҳои худро раҳбарӣ мекард. Ҳамин воқеа дар бозӣ муқобили “Янг Бойз” дар Лигаи Чемпионҳо рӯй дод.

Шервуд муътақид аст, ки Роналду метавонад хеле зуд ҳидояти “МЮ”-ро бар ӯҳда бигирад ва дар ин бора гуфт: “Метавонам бибинам, ки Роналду баъди 18 моҳ ҳидояти Манчестер Юнайтедро ба ӯҳда бигирад. Фикр мекунам ҳузури ӯ дар канори майдон мушкилӣ надорад ва бояд инро бипазиранд.  Ин Роналду аз бозигаре, ки бори аввал ба “Олд Траффорд” омада буд, комилан фарқ мекунад. Вай медонад, ки ба ӯ чӣ қадар ниёз доранд ва агар фикр кунад, ки ӯ бояд дар назди мураббӣ истад ва ба бозигарон роҳнамоӣ кунад, пас шумо бояд ба ӯ иҷозат диҳед."



HP


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив