LIVE

Роналду барои садои гӯсфандон хонаашро иваз кард

Баъди бозгашт ба “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду як ҳафта пас ҷои зисташро иваз кард. Сабаби ин иқдом гӯсфандон буд, ки оромии португалиро халалдор кардаанд.

Криштиану Роналду дар ин хона, ки  6 миллион фунт харида буд сукунат дошт. Аммо дере нагузашта маълум шуд, ки субҳ як рама гӯсфандон аз назди хонаи футболбоз мегузаштанд. Ҳайвонот бо овози худ оилаи бозигари португалиро нороҳат кардаанд.

Ба навиштаи "Спорт-Экспресс", як ҳафта пас аз омаданаш ба Англия Криштиану Роналду ҷои зисташро иваз кардааст. Португалӣ ба хонаи дигар, ки 5 миллион фунт харидааст кӯчид. Хонаи наваш дар наздикии хонае ҷойгир аст, ки Криштиану Роналду аз соли 2003 то 2009, вақте ки ӯ дар Манчестер Юнайтед бозӣ мекард, ҷойгир будааст.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив