LIVE

Бозигари ҷавони "Динамо" ба "Барселона" меравад

Шореҳи рус Нобел Арустамян гуфт, ки "Барселона" -и Испания ба ҷалби нимҳимоятгари "Динамо" -и Маскав Арсен Захарян мароқ зоҳир кардааст.

«Бозии Арсен Захарян дар “Динамо”, дар Евро байни ҷавонон ва дебюти ӯ дар тими мунтахаби Русия дар Аврупо бетаъсир намонд. Мувофиқи маълумоти ман, як чанд клубҳои маъруф ба таври ҷиддӣ ба Арсен  мароқ зоҳир намудаанд.

Ин “Барселона” аст. Агентҳои клуби каталонӣ чанд маротиба ба Маскав ва ба Динамо парвоз карда, ба бозии Захарян баҳо доданд. Скаутҳои “Барселона” аз он чизҳое, ки диданд, қаноатманд буданд ва омодаанд бо "Динамо" ва худи бозигар музокира кунанд. 

Шояд тирамоҳ “Барса”  дар бораи интиқоли Захарян розӣ шавад ва бо ӯ қарордод ба имзо расонад. Он метавонад тобистони соли 2022 сурат гирад.  Худи Захарян ният дорад, ки ҳадди ақал дар ин мавсим дар “Динамо” пурра бозӣ кунад.

Ба Захарян қаблан дастаҳои "Брюгге", "Лейптсиг" ва "Сассуоло" таваҷҷуҳ доштанд”, - навиштааст Арустамян дар “телеграм”-и худ.

Дар шартномаи нимҳимоятгар бо “Динамо” маблағи фурӯш 12 миллион евро нишон дода шудааст. Аз мавсими оянда нарх то 15 миллион евро боло меравад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив