LIVE

Нишасти садамавии ҳавопаймои мунтахаби Олмон

Ба гузориши Bild, ҳавопаймои тими миллии Олмон, ки  шаб аз Рейкявик ба Франкфурт парвоз мекард, дар шаҳри Эдинбург нишасти садамавӣ намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои тими миллӣ бидуни мушкил аз Рейкявик парвоз кардааст. Аммо дар болои шаҳри Арброати Шотландия аз борт сигнали изтирорӣ фиристода шуд. Ҳавопаймо ба Эдинбург бе нақша фуруд омад. Ҳушдори 7700 дода шуд, ин маънои онро дорад, ки дар ҳавопаймо ҳолати фавқулодда рух додааст.

Шаби гузашта дар доираи марҳилаи интихобииҶоми ҷаҳон -2022, ки дар Қатар баргузор мешавад, дастаҳои миллии Исландия ва Олмон дар Рейкявик вохӯрданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии бузурги меҳмонон бо ҳисоби 4: 0 хотима ёфт.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив