LIVE

Интиқоди сахти Пянич аз Роналд Куман

Миралем Пянич аз рафтори Роналд Куман ба ҳайрат меояд. Футболбози мазкур намефаҳмад, ки сабаби беэҳтиромӣ дар суроғаи худ чист. Мутахассиси ҳоландӣ дар аввал бениҳоят нисбати ман назари бад дошт. 
"Куман натанҳо маро эҳтиром намекард, ҳатто бо ман сӯҳбат намекард. Ман футболбозам, ки ҳама чизро қабул карда метавонад, аммо ман бояд вазъиятро шарҳ диҳам. Вай бо ман тавре рафтор кард, ки гӯё ман 15 - солаам. Ман ба маоши камтар розӣ шудам ва ба «Бешикташ» гузаштам, зеро футбол бозӣ карданро дӯст медорам», - шарҳ дод Пянич. 
Миралем ба ивази Артур ба “Барселона” гузариш кард. Ин гузариш бидуни иҷозати Куман амалӣ карда шуд. Мураббӣ аз аввал ба ин ниммуҳофизатгар умед надошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив