LIVE

Сармураббии мунтахаби футболи Россия муайян шуд

Карпин  мунтахаби футболи Русияро роҳбарӣ мекунад. Валерий Карпин сармураббии тими миллии футболи Русия шуд. Шартнома бо мутахассиси 52-сола то 31 декабри соли 2021 амал мекунад. Қайд карда мешавад, ки Иттифоқи футболи Русия (РФУ) дар сурати натиҷаҳои дилхоҳ метавонад шартномаро бо Карпин тамдид кунад. Ҳамзамон, роҳбарияти Иттифоқи футболи Русия ба мутахассис гузашт карданд:  тӯли шаш моҳ Карпин ҳам дар дастаи "Ростов", ки онҷо сармураббӣ мебошад, ва ҳам дар дастаи мунтахаб кор мекунад. Расман, шартнома бо Карпин 26 июли соли 2021 имзо хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив