LIVE

Ғалабаи "Истиқлол" бар "Металлург"

Бошгоҳи "Истиқлол" -и Душанбе нахустин бозии санҷиширо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар вилояти Суғд баргузор кард. Дар варзишгоҳи “Металлург”-и Бекобод "Истиқлол"  бо дастаи маҳаллии "Металлург", ки дар Суперлигаи чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунад, рақобат намуд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бо пирӯзии дастаи мо  хотима ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 55-ум пас аз партофти Ваҳдат Ханонов Шервонӣ Мабатшоев ба самар расонд. "Истиқлол" бозии дуввуми санҷишии худро 21 июл бо тими “Суғдиона” анҷом медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив