Футболбози ҷадиди дастаи “Реал Мадрид” - Давид Алаба хоҳиши бозӣ дар қисмати муҳофизатро надорад. Сармураббии ҷадиди бошгоҳ Карло Анчелотти ин футболбозро дар “Бавария” ҳамчун муҳофизатгари марказӣ истифода мекард, аммо дар “Реал” ӯ мехоҳад дар ниммуҳофизат бозӣ кунад. Аммо баъд аз рафтани Рамос роҳбарияти даста бо мақсади комил сохтани муҳофизат бо Алаба қарордод бастааст.