LIVE

"Реал" 300млн евро зарар дидааст

Пандемияи Ковид-19 дар баробари  зарар ба   соҳаҳои сиёсат,  иқтисод, фарҳанг ва  иҷтимоъ, ҳамчунин ба варзиш ҳам зарари  бузурги молиявӣ расонид. “Реал Мадрид” ҳисоботи молиявии худро барои мавсими 2020/21 нашр кард. Ин дастаи шаҳри Мадрид бо сабаби пандемияи COVID-19 аз моҳи марти соли 2020 сар карда, 300 миллион евро аз даст додааст. Пас аз андешидани як қатор чораҳо барои коҳиш додани талафот, “Реал Мадрид” тавонист соли молиявии 2020/21 -ро бо фоидаи 874 ҳазор евро пас аз андозҳо (313 ҳазор - дар мавсими 2019/20) пӯшонад. Ҳамин тариқ, "гаразмониҳо" ба камтарин дастаҳои аврупоӣ табдил ёфтанд, ки дар ин муддат талафот надиданд. Мувофиқи таҳқиқоти УЕФА, зарари амалиётӣ барои бошгоҳҳои Аврупо байни солҳои 2019 ва 2021 ба 6 миллиард евро наздик аст. “РЕАЛ”  маошро 58 миллион евро ва  хароҷоти амалиётиро 62 миллион коҳиш дода, 175 миллион туфайли фурӯш ва рафтани футболбозон ба даст овард. Қарзи софи даста  аз 240 миллион евро ба 46 миллион евро коҳиш ёфт. Сармояи софи мадридиҳо то 30 июни соли 2021 524 миллион ва сармояи шахсӣ 122 миллионро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив