LIVE

Шартномаи Месси бо "Барса" хотима ёфт

Шартномаи футболбози мумтози аргентинӣ  Лео Месси бо тими "Барселона" хотима ёфт. Созишномаи ӯ бо «Барселона» 1 июл ба итмом расид. Тамдиди созишнома ҳанӯз расман эълон нашудааст. Ҳамзамон, аргентинӣ метавонад бо «нилунориҳо» шартномаи нав имзо кунад, аммо то ҳол тарафайн ба мувофиқа нарасидаанд. Месси дар тӯли корномаи худ аз соли 2003 шарафи “Барселона”-ро ҳимоя мекунад. Баъзе аз сарчашмаҳои бузурги ҷаҳонӣ менависанд, ки Лео аллакай бо “Барса” шартнома бастааст ва он рӯзҳои наздик расман эълон карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив