LIVE

Серхио Рамос дар Париж хона мекобад

Собиқ ҳимоятгари "Реал Мадрид" Серхио Рамос ба ҷустуҷӯи хона дар Париж шурӯъ кардааст. Пештар расонаҳо навишта буданд, ки имзои шартномаи испанӣ бо  "Пари Сен-Жермен" наздик шудааст. Дар ҳоли ҳозир Рамос дар ҷустуҷӯи хонаи оилавӣ барои зиндагӣ дар Париж аст. Ҳимоятгари 35-сола 17 июн "Реал Мадрид"-ро тарк кард. Клуб шартномаи ба охир расидаро бо футболбоз тамдид накард.
Тибқи иттилои расонаҳо, Рамос пеш аз рафтан ба ҳамдастонаш гуфтааст, ки ба "ПСЖ" мегузарад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив