LIVE

Барои чӣ пушти Юссуф Поулсен "Юрари" навишта шудааст?

Дар футболкаи нимҳимоятгари даниягӣ Юссуф Поулсен “Юрари” наившта шудааст. Чаро? Ин номи падари ӯ Шихе Юрари аст, ки дар шашсолагии Юссуф аз бемории саратон фавтида буд. Бо сабаби аз даст додани падараш, Поулсен  голҳои худро барои падари марҳум мебахшад. Ҳамаи мухлисоне, ки бозии Дания - Белгияро дар даври дуввуми Евро-2020 тамошо карданд, бояд голи зебоеро аз ин футболбози даниягӣ дида бошанд. 
Поулсен барои ҷашнгирии голаш ба назди мухлисон  давид. Ногаҳон тамошобинон як навиштаҷоти аҷибро пай бурданд. Дар пушти даниягӣ   на Поулсен, на Юссуф, балки Юрарӣ навишта буд. Чаро? Ин ҳама арҷгузорӣ ба падари ӯст. Номи пурраи футболбоз Юссуф Юрари Поулсен аст ва ӯ қисми дуюми номро аз падари худ Шихе Юрари гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив